Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Описание к видео Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

24 ноябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии озмун муовини Сарвазири кишвар, раиси комиссияи озмун Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, баргузории чунин озмунро ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди тафаккури миллӣ ва донистани таъриху фарҳанги ниёгон амри зарурӣ донистанд.
Озмун соли якум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Гуфта шуд, ки дар даври чоруми озмун аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ муайян мешаванд, аз ҷумла: донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он; қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян; баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асоснокнамоии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик; донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар, дар даври дуюм 16 ҳазору 994 нафар ва дар даври сеюми озмун 1605 нафар иштирок намуданд. Аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке