Ахбори Точикистон Имруз - 08.09.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 08.09.2024 | novosti tajikistana

8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” дар масоҳати 7,43 га бунёд гардида, дар он 3,43 га-ро дарахтони зардолуи навъҳои “мирсанҷалӣ”, “кадухурмоӣ” ва бобоӣ ташкил медиҳад.

Инчунин дар масоҳати 4 га замин 2660 бех гелоси навъҳои “дили кафтар”, “волевой”, инчунин “скинен”, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, шинонида шуда, бо усули интенсивӣ парвариш карда мешавад.

Айни замон дар хоҷагии мазкур 15 нафар сокини махаллӣ бо кори доимӣ таьмин буда, дар вақти ҷамьоварии ҳосил 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки хоҷагии мазкур обёрии заминҳоро ба тарзи қатрагӣ ба роҳ мондааст ва он имкон медиҳад, ки харҷи барзиёди об, хароҷоти зиёди қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш ёбад ва ҳам замин аҳ шӯршавӣ эмин монад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ғунҷоиши ҳавзи захираи оби хоҷагӣ 1550 кубро ташкил медиҳад ва тавассути пойгоҳҳои обкашии барқӣ аз 2 чоҳи амудӣ ва оби дарё дар муддати 10 соат пур гардида, бо он метавон 10 гектар заминро дар муддати 3 соат обёрӣ намуд.

Нуқтаи алоҳидаи таъминоти барқӣ барои боз ҳам ҷоннок ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари корӣ, мусоидат мекунад.

Барои бомаврид ва самаранок истифода шудани замин саҳмдорон дар байни қатори дарахтон зироаткориро ба роҳ мондаанд.

Бо мақсади пурқувват намудани замин, инчунин ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, дар кишти аввал хӯроки чорвои навъи рапс кишт ва ҷамъоварӣ карда шуд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке