Субхони Саид - Хар чо ки кунам хона

Описание к видео Субхони Саид - Хар чо ки кунам хона

Субхон Саидов / Субҳони Саид
Ғазал аз Абдураҳмон Ҷомӣ
Ҳар ҷо, ки кунам хона, ҳамхона туро ёбам,
Ҳаргиз наравам ҷойе, к-он ҷо на туро ёбам.
Гар хоб кунам шабҳо в-ар хона равам танҳо,
Дар хоб туро бинам, дар хона туро ёбам.
Дар базми қадаҳнӯшон, дар чашми вафокӯшон,
Маъшуқа туро донам, ҷонона туро ёбам.
Дар суҳбати ҳар ҷамъе, к-афрӯхта шуд шамъе,
Гирди сари ӯ гардон парвона туро ёбам.
Гар ҷониби майхона оям пайи паймона,
Дар дасти майошомон паймона туро ёбам.
Аз сар бикашам хирқа, дар баҳр шавам ғарқа,
Дар ҳар садафе пинҳон дурдона туро ёбам.
Аз худ бигусил, Ҷомӣ, мезан дари гумномӣ,
К-андар тутуқи ваҳдат бегона туро ёбам.    / hisorishodmon  

Комментарии

Информация по комментариям в разработке