Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон бахшида ба гиромидошти Мирзоҳаким Умедов

Описание к видео Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон бахшида ба гиромидошти Мирзоҳаким Умедов

Санаи 26-уми сентябри соли 2020 дар толори варзишии ”Паҳлавонони Суғдӣ”- и ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасони соли таваллуди 2004-2005 ва 2006-2008 бахшида ба гиромидошти Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон - Мирзоҳаким Умедов баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Тоҳир Азиззода ширкат намуда иштирокдоронро табрику шодбош намуд. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат ва қувваозмоӣ намуданд. Дар интиҳо ба ғолибол диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке