Рунамоии китоби "Лолаҳои Бадахшон"

Описание к видео Рунамоии китоби "Лолаҳои Бадахшон"

Моҳи сентябри соли 2022 дар меҳмонхонаи «СЕРЕНА» дар шаҳри Душанбе рунамоии китоби “Лолаҳои Бадахшон" барагузор гардид. Ин ҳафтумин китоби нависандаи хушсалиқа, киношиноси маъруф Тилло Некқадамов буда, ки дар нашриёти «Эр-граф» ба чоп расидааст. Китоби мазкур дар бораи таърихи таъсиси ансамбли бачагонаи этнографии Помир ҳикоят мекунад.
Муҳаррири китоб Имомиддин Раҳимӣ буда, сарсухани он ба қалами доктори илмҳои фалсафа Назархудо Дастамбуев мутааллиқ аст.
Дар ин маҳфили фарҳангӣ ва ҳунари дар баробари пайвандону набераҳои аъзои ансамбли кудакониа “Помир” ҳамчунон ҳунармандону фарҳангшиносон дар ин маҳфил ширкат ва суханронӣ намуданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке