Суруди "Модар" дар ичрои бонуи хунар, Хунарпешаи Халкии Чумхурии Точикистон Озода Ашурова

Описание к видео Суруди "Модар" дар ичрои бонуи хунар, Хунарпешаи Халкии Чумхурии Точикистон Озода Ашурова

Суруди "Модар" дар ичрои бонуи хунар, овозхони махбуби диёр, Хунарпешаи Халкии Чумхурии Точикистон, муаллимаи азизу мехрубон Озода Ашурова

Бо шунидани ин суруд, ки бароям хеле писанду дустдоштанист, ранчхо, машаккатхо, мехрубонихо, гамхорихо ва дастгирихои модарони дунёро метавон дубора эхсос кард. Бо садои ширину самимии муаллима Озода Ашурова ин суруд ба хамагон макбул шудаву такрор ба такрор мо ин сурудро гуш хохем кард. Вокеан сурудхои тарбиявиву ахлоки умри човидонаро доранд. Ахсант ба ичроиши зебо!

Ин сурудро, ба кулли модарони дунё хадя месозем ва ман низ аз фурсати муносиб истифода намуда, мисрахои макбули диламро, ки дар ин суруд оварда шудааст, ба модарчони азизу мехрубонам Бону Шакирова мебахшам:

Фидои як нигохат ман,
Бимирам пеши поят ман!

Модарони азиз, хамеша зиндаву човид, шоду саломат бошед!

❤️❤️❤️🌷🌷🌷❤️❤️❤️🌷🌷🌷❤️❤️❤️

Комментарии

Информация по комментариям в разработке