Ахбори Точикистон Имруз - 11.05.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 11.05.2024 | novosti tajikistana

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Дар ин рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертии ҳунармандони тоҷик барпо мегардад.

Инчунин дар ин рӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дарсҳои маҳорат бо услуби «устод – шогирд» гузаронида мешаванд.


ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке