Далер Шариф дар бораи идеология, худшиносии миллӣ ва тими "Китобхон"

Описание к видео Далер Шариф дар бораи идеология, худшиносии миллӣ ва тими "Китобхон"

Ҳамакнун аз нашри аввалин барномаи "Китобхон" қариб дувуним сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат муаллифони барнома беш аз сад нашри онро тавассути саҳифаии "YouTube"-и "Китобхон" пешниҳоди мардум кардаанд.

Мо дар аввалин барномаи "Гуфтумон" сӯҳбате доштем бо Далер Шариф, ровӣ ва яке аз ташкилкунадагони асосии ин лоиҳа. Дар ин сӯҳбат мо аз Далер перомуни ташкили барномаи "Китобхон" ва роҳи тайкардаи онҳо, худшиносии миллӣ, мушкилоти ҷомеа ва журналистика ва масъалаҳои вобаста ба миллату ҷомеа пурсон шудем. Меҳмони мо бовар дорад, ки қавӣ гаштани миллат ба китобу китобхонӣ сахт вобастагӣ дорад.


Ба иддаъои ровии ин лоиҳа, онҳо бидуни сарпарастии нафарони алоҳида ва ташкилоту созмонҳо то имрӯз ин барномаи худҷӯшро таҳия ва нашр мекунанд. Ҳадафи ин барнома таблиғи китоб, илм, маърифат ва андешаи солим мебошад.

- Мо борҳо гуфтем, ки идеяи “Китобхон” як идеяи худҷӯш буд ва ин идея аз батни ҷомеа пайдо шуд. Мо баъди он ки мушоҳида кардем як сабаби тағйирот накардан ё бисёр ба кундӣ пеш рафтани ҷомеаи мо ва ҳамчунин масъалае, ки мардум наметавонанд ахборро ҳазм кунанд, ё матнро дуруст бифаҳманд ва ё дурусту дақиқ бо забони модарии худ сӯҳбат кунанд, нахондани китоб аст, пасон тасмим гирифтем чунин барномае ташкил кунем, то тававассути он мардумро ба самти китоб ва мутолиа даъват кунем. Аз аввали лоиҳа то имрӯз борҳо эълон кардем, ки ҳадафамон маблағ ба даст овардан ё шӯҳратхоҳӣ набуд ва нест. Танҳо хостем, ки хизмате барои ҷомеа карда бошем, - гуфт Далер Шариф.

Гардонандаи барнома, Далер Шариф боварӣ мегӯяд, то ҷое тавонистаанд тавассути "Китобхон" таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба китобу китобхонӣ ҷалб намоянд.

0:00 Анонс
1:19 Идея ва мақсади барномаи "Китобхон"
2:47 Оё "Китобхон" тим дорад?
4:37 Масъулият аз хидмат чӣ фарқ дорад?
6:10 Агар ҳар нафар дар фикри худаш бошад, мо шикаст мехӯрем...
7:16 Гӯри ту ҷудо, гӯри ман ҷудо?!
7:41 Ёфтани қаҳрамон барои барнома душвор аст...
9:18 Бисёр китоб хондан маъно надорад, агар...
12:57 "Мо мутахассисоне надорем..."
14:59 Баъзан шоиру нависандаи мо сухан гуфта наметавонад
15:50 Шарм мекунам, ки худамро журналист гӯям!
17:40 Фазои журналистика қонеъкунанда нест
19:12 Идеологияи миллӣ
22:19 Омили шикасти Шӯравӣ
25:00 Ҳарфи аввалро расона мезанад
26:49 Блогерон таъсиррасон буда метавонанд?
28:06 Контенти пастсифати блогерон
30:04 То замоне одам ҳаст, китоб ва рӯзномаи қоғазӣ чоп мешавад
31:00 Бо ҳар роҳе бошад, китоб хонем(д)
31:27 Худшиносии миллӣ
33:50 Забони модарӣ
36:30 Барои забони форсӣ гуфтан, эрод гирифтанду...
37:57 Онҳое сарфароз мешаванд, ки дар хидмати миллаташо ҳастанд
38:56 Агар номи нек мехоҳед, дар мавқеатон устувор бошед!
40:00 Чӣ бояд кард то ба худшиносии миллӣ расид?
41:18 Пеш аз оне ки барои Панҷшер гиря мекунед...
42:15 Барномаҳои миллӣ
43:58 Зербино муҳим аст
45:58 Чанд сухан ба насли оянда

Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook:   / asiaplustj  
Instagram:   / asiaplustj  

#гуфтумон #таджикистан #asiaplus

Комментарии

Информация по комментариям в разработке