Ахбори Точикистон Имруз - 29.07.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 29.07.2024 | novosti tajikistana

Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии гарнизон доир гардид, ки дар он масоили марбут ба натиҷагирии тафтишоти судӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва боз ҳам устувортар гардонидани муносибати хуби байниҳамдигарии сарбозон дар доираи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баргузории Шурои навбатии ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ дар ин гарнизон идомаи татбиқу амалигардии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, аз тадбирҳои афзалиятноки масъулини мақомоти прокуратура дар Соли маърифати ҳуқуқӣ дониста шуд.

Роҳбарият ва аъзои Шуро оид ба иҷрои саривақтии корҳои тарбиявӣ, ки самти муҳимтарини фаъолияти ҳайати шахсӣ маҳсуб мешаванд, маъруза намуда, бо назардошти баррасии масъалаҳои ҳалталаб иброз доштанд, ки барои беҳдошти вазъи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳайати шахсӣ ба татбиқи нақшаи барномаҳои ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке