УМЕД АЗИМИ - БА ЁДИ ДОДАРИ АЗИЗАМ ШОДРАВОН ХАЙЁМ 2021

Описание к видео УМЕД АЗИМИ - БА ЁДИ ДОДАРИ АЗИЗАМ ШОДРАВОН ХАЙЁМ 2021

ТЕКСТ


Ҳамон рӯзе, ки Хайём аз ҷаҳон рафт,
Чу моҳе навраси ширинзабон рафт.

Нахурда раҳми пайвандони худро,
Фиғон, ки хушқаде аз ин миён рафт.

Ҳама з-ин кори ӯ дар ҳайрат афтод,
Сад афсӯс, он баҳори бехазон рафт.

Ду се рӯзе чу гулҳо гашта меҳмон,
Зи гулзори падар он меҳрубон рафт.

Зи модар рози дилро карда пинҳон,
Чу гулҳояш шукуфту хушбаён рафт.

Бародарҳо биноланд аз фироқаш,
Бимонду хоҳараш, он ноаён рафт.

Биё Хайём, ки бе ту хору зорем,
Биё, ки шодиҳо аз хонадон рафт.

Падар, модар ва хоҳар синабирён,
Бигӯянд додарон, сарви равон рафт.

Умед аз зиндагонӣ ноумед аст,
Чу додар аз бари ӯ ногаҳон рафт.

Бубин, Мақсудаливу ҳамдиёрон,
Ҳаме сӯзанд аз он ки ҷони ҷон рафт.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке