НАВОРЕ, КИ БЕШ АЗ 50 МИЛЛИОН КАС ДИДААСТ

Описание к видео НАВОРЕ, КИ БЕШ АЗ 50 МИЛЛИОН КАС ДИДААСТ

#таджикистан #эмомали #свадьба
ТӮЙ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ «К-ПЛЮС»

Рӯзноманигорӣ, бозёфт аст, дастнорастарин ҳарфро ба чанг овардану пеши чашми хонандаи худ гузоштан аст.

Агар чунин ҳарфе ба чангат наомада, дам аз рӯзноманигор будан назан!

Шикорчӣ дар хатарноктарин қуллаҳо шабро танҳо рӯз мекунад, то бомдод оҳуеро, ки моҳҳо пайашро гирифта буд, нишон бигирад!

Паланг аз баландтарин зурва барои ба даст овардани Моҳ ба сӯи осмон меҷаҳад, агарчи марги муаллақ дар каминаш истода. Аммо хаёли шикори баланд ӯро паланг ном ниҳодааст!

Рӯзноманигор ҳамон шикорчист, ҳамон паланг аст ва бо ҳар навишта соҳиби бозёфт будан аст. Гоҳо як калима, бале як калима, метавонад бозёфти як рӯзноманигор бошад, ки баъд дар тамоми матбуот он калима чарх мезанад...

Рӯбардор кардан, дуздӣ, тақлид ва аз Фейсбуку шабакаҳои иҷтимоии интернетии дигарон рӯзноманигорӣ нест!

Тӯйи “шоҳона”-и Раҳмонуф дар Иморати ҳукумати мардуми Тоҷикистон, бо истифодаи асбобу ашёе, ки мардум онро ба хотири масоилу масолеҳи миллии худ фароҳам овардаанд, бозёфти шахсии ман буд.

Чандин телевизионҳои кишварҳои гуногун он наворро намоиш доданд. Танҳо дар Ютюб беш аз 50 миллион нафар онро тамошо кардаанд. Садҳо нафар ин наворро дар барномаҳои худ пурра ва ё бахш-бахш истифода карданд, аммо ягон нафар ҳатто ишора накард, ки ин бозёфт моли кист.

Афсӯс ҳаққи муаллифро касе дар кишвари мо риоя намекунад. Дуздӣ расм шудааст?! Оре, дуздӣ бо доштани чунин “пешво”-е акнун “шаръан” “ҳалол” аст!

Вақте як хасдузди даврони шӯравӣ, як “Москвич”-дузди даврони ҷанги шаҳрвандӣ, як ородузди оғози даврони худсолории кишвар, як мансабдузд, ки ошкоро ҷойгоҳи президентии шахси дигарро бо рост кардани мили силоҳ дуздид, “пешво” ном мегирад, чаро вазиронаш кори илмии олимони дигар кишварҳоро надузданд?

Дуздӣ дигар на айб асту на шарм! Олим дузд аст, шоир дузд аст, рӯзноманигор дузд аст, омӯзгор дузд аст, сипоҳӣ дузд аст, сафиру сағир дузд аст! Мувофиқ дузд аст, мухолиф дузд аст!

Вақте дуздӣ расм шудааст, ман аз кадом “ҳаққи муаллифӣ”-и худ шиква кунаму бинвисам? “К-Плюс”-ро аз дастрас будан дуздиданд!

Номи “ВАТАНДОР”-ро, ки аз он ба қадди аҷали худ метарсиданд, ошкоро дуздидаву ба ҲХДТ-и худ, ки метавон ин чанд ҳарфро бо ҳар шакле тафсир кард, часпониданд.
Бибахшед, ҳатто дашномҳои медодаамро ҳам дуздиданду медузданд! Чун халлоқият надоранд. Чун кӯзаашон холист! Дар миёни ин ҳама дузд, аз кадом қонун метавонӣ ҳарф бизанӣ?!

Аз тӯй мегуфтам, тӯйе, ки аз сӯзан то нахаш бо пули дуздӣ, дар рӯи курсиҳои мансаби дуздӣ, бо обу оши дуздидашшуда аз дастархони мардум, баргузор гардида буду мардум намедонист!

Ба даст овардани чунин наворе, баробар буд ба Моҳро шикор кардани паланг, аз пойи оҳу доштан ҳангоми аз баландтарин қулла ба зер ҷастанаш! Ва чунин коре чи қадр содда дуздида шуд, бе ишора ба номи муаллифи хабар.

Дар омади гап, ҳар моҳ барои чор барномаи тоҷикӣ ба телевизиони К-плюс 40 000 доллар ва барои такрори як барнома 4 000 доллари иловагӣ супорида мешуд. Ба иловаи ин музди коргарони техникӣ, аз ронанда то наворбардору таҳиягар алоҳида буд. Тӯйро, мувофиқи талаби мардум, беш аз 10 маротиба такроран телевизиони "Кплюс" намоиш дод.

Дар таърихи журналистикаи тоҷик ҳеҷ як барномае чунин шуҳрат надошт.
Баъди чанде ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмаки мутахассисони чинӣ барномаҳои телевизиони «К+»-ро масдуд кард. Ва ин боз як хиёнати ин ҳукумати авбошон ва роҳзанон асту бас!

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кормандони мақомоти қудратӣ комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки чӣ тавр ба дасти Атовуллоев расидани ин навори маҳрамонаро муъайн бинамоянд. Чандин нафар дар таҳхонаҳои КДАМ ва ВКД мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Вале то ҳанӯз кашф накарданд, ки чӣ касе ин наворро додааст.
Инро мегӯянд роздорӣ ва пинҳон дошта тавонистани манбаъи ахбор.

Наворе, хабаре, гузорише доред лутфан ба мо бифиристед. Телефон, вотсап, телеграам барои тамос:
+49 178 2069875

Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Душанбе!

Д. А.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке