ТАВАЛЛУДХОНАИ СУҒД: САБАБИ МАРГИ МОДАРУ КУДАКРО ШАРҲ ДОДАНД

Описание к видео ТАВАЛЛУДХОНАИ СУҒД: САБАБИ МАРГИ МОДАРУ КУДАКРО ШАРҲ ДОДАНД

ТАВАЛЛУДХОНАИ СУҒД: САБАБИ МАРГИ МОДАРУ КУДАКРО ШАРҲ ДОДАНД
Дар вилояти Суғд фавти модару кудак ба қайд гирифта шуд. Ин маълумот чанде аст, ки дар сархати расонаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ қарор дорад. Ба ин ҳолат духтуронро сабабгор медонанд. Аслан вазъ чӣ гуна ба амал омадааст. Сабаби аслии ҳолати фавти зану кудакро духтурон шарҳ доданд. Фавти тифлу модар дар таваллудхонаи вилояти Суғд 10 руз пеш рух додааст. Он санаи 12-уми апрели соли 2024-ум ба вуқӯъ омадааст. Духтурон барои пешгирӣ аз ҳолати номатлуб корҳои аз даст омадаро анҷом доданд. Аммо соати 21-20 дақиқа зани ҳомила бо тифлаш ба ҳалокат расид. Сабаби аслии рух додани ҳодисаҳои ногуворро дар таваллудхонаи вилояти Суғд ин дар ҳолати вазнин омадани занони ҳомила медонанд. Зеро ба ин таваллудхона аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят заноне меоянд, ки ба гуруҳи хатар дохил мешаванд. Мафтуна Шукурова, Наимҷон Аюбов пурратар шарҳ медиҳад.

✔ Официальный сайт: https://cm-1.tv/
✔ Facebook:   / cm1tv  
✔ Instagram :   / cm_1.tv  

Социальные сети:
★ Одноклассники: https://ok.ru/profile/580111208140
★ Страница СМ-1:   / cm1tv  
★ Радио Пайванд :   / payvandfm  

Истифодаи маводи сомонаи мазкур танҳо бо шарти таъкиди «СМ-1»- ҳамчун манбаи хабар, бо сабти нишонии фаъол ба манбаи асосӣ мумкин аст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке