Кулбаи хасӣ ва рӯзи сиёҳи Моҳшариф

Описание к видео Кулбаи хасӣ ва рӯзи сиёҳи Моҳшариф

Муддати 15-сол аст, ки сокини деҳаи Нурафшони шаҳри Леваканд Моҳшариф Назарова фақат мегиряду мегиряд. Мегиряд аз талхиҳои зиндагӣ, мегиряд ба ҳоли зори худ ва бачаҳои сарлучу пойлучаш, мегиряд барои шавҳари ғарибаш, ки бо пойҳои маҷақшуда дар мулки рус бесоҳиб хобидааст. Дар чашмони маҳзуни ин зан аз гиряву нолаи бисёр дигар об намондааст...
Моҳшариф бо панҷ фарзанди хурдсолаш 15-сол боз дар ана ҳамин хаскапа дар шароити ниҳоят душвор умр ба сар мебарад. Манзили зисти ин оила аз гил сохта шуда, ҳатто пойдевор надорад. Боми хонаро бо шоҳаҳои дарахтон пӯшондаанд. Манзили онҳо на фарш дорад, на шифт, ҳар шаб ин зани бетолеъ дар рӯйи хок барои худ ва панҷ фарзандаш ҷогаҳ андохта, бо дили пурхун сар ба болин мениҳад.

Фасли тирамоҳ фаро расидаву ҳаво хеле сард гаштааст, аммо бачаҳои Моҳшариф то ҳол таги як курта ва бо пойпӯшҳои резинии тобистона мегарданд. Ин кӯдакони бетолеъ ҳатто ҷӯроб надоранд, ки пойҳои кӯчакашонро андаке ҳам бошад, аз шиддати сармо муҳофизат кунад.

Азбаски савод ва касбу кор надорад, Моҳшариф дар ягон ҷо кор намекунад. Ҳамсояҳо аз рӯйи раҳм гоҳо ба ин оилаи камбизоат як дона нон ё як коса хӯрок меоранд, вале то ба кай бо чунин аҳвол метавон умр ба сар бурд?

Хаскапаи Моҳшариф танҳо аз як ҳуҷра иборат буда, дар як вақт вазифаи хонаи хоб, ошхона ва ҳамоморо иҷро мекунад. Азбаски барои нигоҳ доштани маводи сӯхт ҷой надоранд, зан маҷбур аст, ки таппакҳои хушкондаашро дар долонча ғарам чинад. Дар ҳамин давраи нозук, ки каронавирус тамоми ҷаҳонро ба даҳшат овардаасту роҳи ягонаи муҳофизат аз ин бемории қаттол риоя намудан ба тозагӣ мебошад, бачаҳои Моҳшариф рӯзҳои дароз дар байни ғарами таппак ба хоку лой ҷӯлида мегарданд. Азбаски об нест, кӯдак маҷбуранд, ки пойлучу сарлуч қариб аз як килметр роҳ оби нӯшокӣ кашонанд. Бо дидани ҳоли зори ин тифлакони маъсум дили санг ҳам об мешавад. Моҳшариф аз он метарсад, ки дар фасли зимистон ин хаскаппаи лойӣ дар болои бачаҳояш чаппагардон нашавад.
Умедворем, ки хукумати шаҳри Сарбанд ва дигар шахсони хайрхоҳ ба Моҳшариф Назарова ва бачаҳояш дасти ёрӣ дароз намуда, ин оилаи ниёзмандро аз зиндагии сангин ва вартаи навмедӣ раҳоӣ мебахшанд.

ТЕЛЕФОНИ МОҲШАРИФ НАЗАРОВА: 907706029

Комментарии

Информация по комментариям в разработке