Барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон

Описание к видео Барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон

18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.

Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду давлати ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке