Хусейн Насридинов - Афсус, ки мурги умро дона намонд

Описание к видео Хусейн Насридинов - Афсус, ки мурги умро дона намонд

Хусейн Насриддинов / Ҳусейн Насриддин
Афсус, ки мурги умро дона намонд
Умед зи хешу бегона намонд
Дардо фироки, ки дар ин мудати умр аст
Аз харчи бигуфтем ба чуз афсона намонд
Шабхо хама шаб, насихатам дод падар
Зинхор ба куйи нокасон ранч мабар
Гар ранч бари ба мардуми асл бубуар
То ранчи зоъе нашавад чони падар
Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элокии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Ҳунари сарояндагиро аз падараш Насриддин Ғафуров омӯхтааст. Омӯзишгоҳи педагогии райони Орҷоникидзеобод дар соли 1953 ва Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар соли 1971 хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил дар дастаи ҳаваскорони санъати мӯзишгоҳ ҳунарнамоӣ мекард. Иштирокдор ва барандаи ҷоизаи азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони ҳунар (соли 1952, шаҳри Душанбе). Аз соли 1954 иштирокдори дастаи ҳунарии ноҳияи Ҳисор. Шуғли асосии Насриддинов муаллимӣ буда, дар суруду оҳангҳои интихобкардааш бештар мавзӯъҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявӣ бартарӣ доранд. Ӯ ҳангоми таснифи сурудҳояш аз ҳавои оҳангҳои классикӣ ва халқӣ илҳом гирифта мекӯшид, ки лаҳну зарби сурудҳои иҷрокардааш дилчаспу форам ва таъсирбахш бошанд.
Насриддинов ба 40 мухаммаси шоирони классикии тоҷик (Нозим, Шавкат, Саййидо, Васлӣ ва дигарон), инчунин баъзе қисматҳои достонҳои панду ахлоқии машҳур (ба монанди «Қумринома»-и Ҷалолуддини Румӣ «Насиҳатнома»-и Носири Хусрав, аз «Бӯстон»-и Саъдӣ ва ғайра) оҳанг бастааст.
Сурудҳои машҳури классикии «Муноҷот» (ғазали Ҳайрат), «Муғулчаи Дуғоҳ» (муҳаммаси Васлӣ бар ғазали Соиб), «Ироқ»(шеъри Ҳ.Назаров) ва ғайра дар иҷрои Насриддинов хеле хуб садо медиҳанд.
Сурудҳои Нсриддинов аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун гуногун буда, бештар ишқу муҳаббат, ҷавонӣ, меҳри Ватан ва лаҳзаҳои ҳаёти имрӯзаро тарранум мекунанд.
   / hisorishodmon  

Комментарии

Информация по комментариям в разработке