Абдумӯъмин Шарифӣ - Зиҳи ишқ

Описание к видео Абдумӯъмин Шарифӣ - Зиҳи ишқ

Ғазали Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Зиҳӣ, ишқ...”
Оҳанги Иқбол Завқибеков
Дар иҷрои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдумӯъмин Шарифӣ дар нақши Қаҳҳор Самадов аз филми “Дов”-и коргардон Муҳиддини Музаффар, соли 2022
Порчаҳо аз саҳнаҳои гуногуни филми ҳунарии “Дов” тамошобинро бори дигар ба сайри олами рангини қиссаи дилангези филм мебарад. Ривояти ду рафиқи ҷонӣ, ки аз пайи чиз мешаванд ночиз. Як бурди мошин дар бозии лотерея ба девори дӯстони қадим рахна меафканад.
Дар нақшҳои марказии филм: Абдумӯъмин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукурзода, Исфандиёр Ғуломов, Фирӯза Раҳмонова, Аҳмади Қутбидин, Хушрӯз Эргашев
Наворбардор-таҳиягар Абдукарим Уроқов
Рассом-таҳиягар Лутфулло Неъматов
Дар вақти таҳияи клипи мазкур (18-октябри соли 2024) филми ҳунарии “Дов” дар 30-кинофестивалҳои байналмилалии қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок намуда соҳиби 22 ҷоиза гардида буд.
Дар ҳошияи филми “Дов” ҳайати бунёдгузорони филм бо роҳбарии коргардон Муҳиддини Музаффар киностудияи “Довфилм”-ро 11.11.2023 таъсис доданд.
Клип-таронаи мазкур ба 2-юмин солгарди нахустнамоиши ҷаҳонии филми ҳунарии “Дов” ва ба якумин солгарди таъсисёбии киностудияи “Довфилм” манзури мухлисони кино мегардад.
Инак, шунавед ва тамошо кунед, суруди “Зиҳӣ, ишқ...” дар иҷрои Абдумӯъмин Шарифӣ

Комментарии

Информация по комментариям в разработке