Ахбори Точикистон Имруз - 05.08.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 05.08.2024 | novosti tajikistana

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хати ҳимояро бо бозингари австралиягӣ Мэтю Миллар мустаҳкам намуд. Мэтю Миллар, ки аввалин бозингар аз Австралия дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, 27-сола буда, тарбиятгирифтаи клуби футболи «Мелбурн Сити» мебошад. Дар майдон ҳамчун ҳимоятгари канори рост ҳунарнамоӣ менамояд. Ӯ дар дастаҳои футболи «Нюкасл», «Мелбурн Сити» ва «Сентрал Кост»-и Австралия ва «Сент Миррен»-и Шотландия ҳунарнамоӣ намудааст. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо футболбоз то охири мавсими имсола ба имзо расид. Ӯ шоми дирӯз ба даста муаррифӣ гардида, аввалин тамринро доир намуд.

Мэтю Миллар дар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таҳти рақами 44 вориди майдон мегардад.

Ҳамчунин ҳайати чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳамлагар аз Италия Франческо Марҷиотта пурра гардид. Ин футболбоз шоми дирӯз ба даста ҳамроҳ гашта, якумин тамринро дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом дод.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке