Ахбори Точикистон Имруз - 01.04.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 01.04.2024 | novosti tajikistana

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзили Ҷумҳурии Индонезия Басуки Ҳадимулҷоно мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Индонезия ва чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи асосии мулоқот ба Форуми 10-уми ҷаҳонии об, ки баргузории он 18-25 майи соли 2024 дар шаҳри Балии Индонезия ва Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) дар назар мебошад, зоҳир гардид.

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке