آیا آئین زرتشت دوباره در تاجیکستان جان میگیرد؟ - Оё оини Зардушт дубора дар Тоҷикистон ҷон мегирад?

Описание к видео آیا آئین زرتشت دوباره در تاجیکستان جان میگیرد؟ - Оё оини Зардушт дубора дар Тоҷикистон ҷон мегирад?

Абдуқодир Абдуқаҳҳор, чигуна Ориёмеҳр Зардушт шуд? Ва чӣ гуна ҷамъияти зардуштиёнро таъсис медиҳад дар Тоҷикистон? Посухи ин ва дигар пурсишҳои муҳимро аз нахустин нашри "СУҲБАТҲОИ ВИЖА БО АФСОНА" пайдо мекунед.



00:50 1. Оқои Абдуқаҳҳор, шумо ки худ мусалмонзода ҳастед, ва бо таълимоти дини Ислом бузург шудед, кай тасмим гирифтед ки руй ба оини зардуштият биёред?


6:20 2. Ба назари шумо ниёзи ҷомеаи имрузии Тоҷикистон ба таъсиси ҷамъияти зардуштӣ чист? Фикр намекунед таъсиси чунин ҷамъияте бо дарназародошти ҳассосиятҳои мазҳабӣ ва суннатӣ боиси эъҷоди мухолифати бештар дар байни мардум шавад?


8:28 3. Зардуштият аз оини ниёкони мардуми тоҷикистон аст ва пайравони худро ба пиндру гуфтору кирдори н6ек фаро мехонад. Аммо ҳассосиятҳои зиёде алайҳи зардуштият дар ҷомеаи мо дида мешавад. Чаро чунин аст? Масалан дар муқобили дигар адён чунин ҳассосиятро мардум нишон намедиҳанд


18:32 4. Соли 2001 агар иштибоҳ накунам, Рудакӣ Самадӣ раиси анҷумани зардуштиён аз тарафи афроди ношинос террор шуд. Оё акнун вазъ тағир кардааст ва мушкилоти ҷиддие барои пайравони зардушт вуҷуд нахоҳад дошт?


27:24 5. Шумо борҳо аз таҳоҷуми фарҳангии арабҳо ва туркҳо ёд кардед, оё ҳадафи шумо бо роҳандозии ҷамъияти зардуштӣ ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ҳар навъ арабӣ ва туркӣ шудани мардуми тоҷик аст?


34:17 6. Чӣ чизе дар дини зардуштӣ ёфтед ки дар адёни дигар шуморо розӣ накард?

Комментарии

Информация по комментариям в разработке