Дар Душанбе аввалин микроавтобусҳои барқӣ фаъол шуданд

Описание к видео Дар Душанбе аввалин микроавтобусҳои барқӣ фаъол шуданд

Аввалин микроавтобусҳои барқӣ дар хатти маршрутии №8-и пойтахт ҳаракат мекунанд.
Микроавтобусҳои Foton Toano метавонад 17 мусофир ва ронандаро ҷойгир кунад. Нақлиёти замонавӣ ва бароҳат дорои курсиҳои эргономикӣ, бағоҷи васеъ, тарҳи муосир ва сатҳи баланди бехатарӣ мебошад. Бо кондитсионер, рули бисёрфунксионалӣ ва системаи мултимедиявӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Foton Toano бо батареяи 80-киловатта муҷаҳҳаз аст ва метавонад бо як заряд тақрибан 350 километрро тай кунад. Яъне як заряд кифоя аст, ки микроавтобус чанд рӯзи пурра бидуни барқ ба мусофирон хизмат расонад.
Электроникунонии нақлиёт дар Душанбе дар чаҳорчӯби сиёсати ҳукумати пойтахт ҷараён дорад. То моҳи сентябри соли оянда пойтахт бояд комилан ба таксиҳои барқӣ гузарад. Автобусҳои мусофирбар низ ба электрикӣ иваз карда мешаванд.

Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook:   / asiaplustj  
Instagram:   / asiaplustj  

#таджикистан #asiaplus

Комментарии

Информация по комментариям в разработке