Издивоҷ бо духтарони "чатнишин" чӣ бадӣ дорад?

Описание к видео Издивоҷ бо духтарони "чатнишин" чӣ бадӣ дорад?

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс сари оила барпо кардан бо духтароне, ки вақти бештари худро дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, шиддат гирифт.
Дар робита ба ин хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз ҷавонписароне ки синашон барои оила барпо кардан расидаасту дар ҷустуҷӯи ҷуфти муносиб барои худ ҳастанд, пурсид, ки оё онҳо бо духтарони “чатнишин” омода ҳастанд, ки оиладор шаванд?
Ҷавобҳо гуногун буданд. Аммо аксари пурсидашудагон омода буданд, ки ҳамсари ояндаи худро аз истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ интихоб намоянд, вале ба шарте ки одоби хуб дошта бошанду дар оилаи солим ба воя расида бошанд. Дар ин қатор баъзеҳо бар он буданд, ки наметавонанд бо чунин духтарон оила барпо намоянд. Сабабашро дар бадрашкиашон мебинанд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке