Ахбори Точикистон 29 04 2024

Описание к видео Ахбори Точикистон 29 04 2024

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Одил Рено-Бассо дар нишасти хабарӣ бо иштироки хабарнигорони дохиливу хориҷӣ оид ба натиҷаи суҳбат сухан гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятҳои стратегии мамлакат ва мусоидати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар самти тағйирёбии иқлим, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусии маҳаллӣ, рақамикунонӣ, ҳамгироии минтақавии иқтисоди миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии «энергияи сабз» баррасӣ гардиданд.

«Соли гузашта Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 30-солагии фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифт. Ман шодам, ки дар Тоҷикистон қарор додам ва имрӯз шоҳиди натиҷаҳои фаъолиятамон гардидам, — гуфт Одил Рено-Бассо. — Мо бо мақомоти марказию минтақавӣ ва бо ҷомеаи соҳибкорӣ ҳамкории хуб дорем».

ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке