Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир шуд

Описание к видео Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон доир шуд

Аз 20 то 23 май Рӯзҳои синамои Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор гардид. Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо намоиши филми ҳунарии классикии «Рустам ва Суҳроб» оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар расми ифтитоҳи ин рӯзҳо таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои синамои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то робитаю ҳамкорӣ дар соҳаи синамо, табодули таҷриба, офаридани филмҳои муштарак ва намоиши филмҳои ватанӣ ба алоқамандони синамо ба роҳ монда шавад.

Ҷониби Озарбойҷон таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи синамо байни синамогарони тоҷику озарро амри зарурӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки робитаю муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус ҳамкории судманди синамогарон решаҳои амиқи таърихӣ доранд.



ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке