Фестивал- намоши гусфанди зоти ҳисорӣ 2024

Описание к видео Фестивал- намоши гусфанди зоти ҳисорӣ 2024

17 августи соли 2024 дар шаҳри Ҳисор дар доираи иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Фестивал- намоши гусфанди зоти ҳисорӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Амонулло Салимзода, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, олимону мутахассисон аз кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Ҷумҳурии исломии Эрон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, мутахассисону роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварии ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд. Сараввал иштироккунандагон аз намоиши хоҷагиҳои пешқадами парвариши зоти гусфанди ҳисорӣ дидан намуда, баъдан раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор кулли меҳмоноро барои ташрифашон ба Ҳисори зархез хайра мақдам гуфт. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар чунин сатҳ баргузории фестивал -озмун ва ауксиони гусфандони зоти ҳисорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки таҳқиқу омӯзиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ на танҳо таваҷҷуҳи олимони минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳониро низ ба худ ҷалб намудааст. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур дар асоси муколамаи олимону хоҷагидорон дарёфти роҳҳои амалигардонии рушди минбаъдаи ин соҳа ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо баҳри офариниши зотҳои нав мебошад. Чорабинии мазкур аз рӯи 3 номинатсия «қӯшқори наслдеҳ, мешҳои зотӣ ва тухлиҳои зотии 18-20 моҳа” гузаронида шуда, чемпиони мутлақи он муайян карда шуд.
Ғолибони номинатсия бо маблағҳои молиявӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Ҳамзамон музоядаи гусфандон баргузор гардид, ки нархи қушкору мешҳо аз 30 то 50 ҳазор сомонӣ ба фуруш бароварда шуд. Олимоне, ки дар таҳқиқи ин зот дар сатҳи байналмилалӣ нақши муассири худро гузоштанд бо сипосномаи Вазорати кишоварзӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке