Блогерӣ ва таҳсили Муродҷон дар Индонезия

Описание к видео Блогерӣ ва таҳсили Муродҷон дар Индонезия

Муродҷон Атакузиев пас аз хатми Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷир ба Россия рафт. Чанде кор кард ва имкон пайдо намуд, ки таҳсилашро дар Индонезия давом бидиҳад. Ҳамин тавр, ҳоло таҳсилашро дар зинаи магистратура давом дода истодааст.

Ӯ дар барномаи "Ҷило" ҳамсуҳбати мо буд ва доир ба махсусияти таҳсил дар Индонезия ва блогериаш нақл кард.

Бо мақсади аз ҳаёту таҳсил, кору комёбиҳои ҷавонони тоҷики дар хориҷи мамлакат таҳсилдошта бохабар шудан барномаи “Ҷило”-ро роҳандозӣ кардем. Ин барнома метавонад аз шукуфтани садҳо нафар гӯяд ва боз ба садҳои дигар ангеза диҳад, ки онҳо ҳам метавонанд берун аз ҷумҳурӣ таҳсил кунанд.

ҶИЛО аз ҷилои ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар мегӯяд.

Instagram h_tohiri
Telegram https://t.me/h_tohiri

Комментарии

Информация по комментариям в разработке