ҒАМНОКТАРИН ПАДАР

Описание к видео ҒАМНОКТАРИН ПАДАР

ДАР МАРГИ ПИСАРҲО ВА ҲАМСАРИ ҲАМСИНФАМ ШАВКАТ АШӮРОВ, КИ БО ХӮРДАНИ КОНСЕРВА ЗАҲРОЛУД ШУДА ФАВТИДАНД


Ҷигарам сӯхт, зи марги писарат, ҳамсинфам,
Ваҳ, чӣ сон сӯхт, надонам, ҷигарат, ҳамсинфам.

Дигар аз чор тараф теғ расад бар ҷонат,
Чунки бишкаст ба ногаҳ сипарат, ҳамсинфам.

Ду писар доштӣ аз кабки дарӣ зеботар,
Пар кашиданд, валекин зи барат, ҳамсинфам.

Баъди он шоҳписарҳои азизат, ҳайфо,
Рафт ғамхортарин ҳамсафарат, ҳамсинфам.

Рӯди Некнот, ки буд софу булӯрин як умр,
Лолагун гашт зи чашмони тарат, ҳамсинфам.

Бар сари душмани қаттол наояд ҳатто
Рӯзи талхе, ки биёмад ба сарат, ҳамсинфам.

Сарвату ганҷу гуҳар доштӣ, аммо афсӯс,
Рафт аз даст ҳама симу зарат, ҳамсинфам.

Охирин дарду ғамат бод, илоҳо, омин,
Нарасад ғуссаи дигар ба дарат, ҳамсинфам.

21/24.04.2023

Кӯҳзод Фатҳулло

Комментарии

Информация по комментариям в разработке