Бузургтарин боғи чормағз: даромад аз кӯҳу пушта

Описание к видео Бузургтарин боғи чормағз: даромад аз кӯҳу пушта

Ҳамагон дар Тоҷикистон чормағзро ҳамчун як чизи маъмулӣ ва худрӯй тасаввур мекунанд, ки қариб дар саросари кишвар мерӯяд. Вале парвариши ин меваи серғизо алакай як самти алоҳидаи кишоварзӣ шудааст. Яке аз бузургтарин боғи чормағз дар шаҳри Турсунзода аст. Аввалин ниҳолҳоро инҷо 5 сол қабл шинониданд. Ҳозир дар 30 гектар қариби 8 ҳазор дарахти чормағзи навъи амрикоии “Чандлер 8а” ҳосил медиҳад. Ва имсол аввалин ҳосили онро гирифта истодаанд. Дар бораи ин боғи нодир, парвариши чормағз дар ҳаҷмҳои бузург ва даромад аз он - дар гузориши вижаи мо!

Шарики расмии лоиҳа Гурӯҳи ширкатҳои "Нексигол" аст, ки зиёда аз 15 сол дар соҳаи кишоварзӣ хизмат мерасонад. Аз ҷумла, хизматрасонии машваратӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ ва фармоиши маводҳои кишоварзию иҷораи техника.
https://mushovir.org
https://hosil.tj

#барзгар #точикистон #asiaplus

Комментарии

Информация по комментариям в разработке