Хоруғ: Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Описание к видео Хоруғ: Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 21 октябр оғоз гардида, то 25 октябри соли равон идома меёбад.

Озмун дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Китобхонаи вилоятӣ ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ сурат мегирад.

Дар озмун муовини Раиси вилоят Назира Амирбекзода ба ҳайси раиси ҳайати ҳакамон иштирок менамояд.

Дар даври вилоятии озмун зиёда аз 245 нафар иштирокчӣ, ҳаводорони сухани нобу каломи бадеъ, адибону нависандагони ҷавон, калонсолон, мактаббачагон, наврасону ҷавонон бо маҳорату ҳунари воло аз рӯи номинаҳои адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, адабиёти муосир ва эҷоди назму наср ширкат менамоянд.

Ғолибони даври вилоятӣ он бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.

#Tojikiston #Khorug #ФурӯғиCубҳиДоноӣКитобАст

Комментарии

Информация по комментариям в разработке