Открытие нового ресторана БАХОР - ФОРЕЛЬ в городе Душанбе 16.07.2024

Описание к видео Открытие нового ресторана БАХОР - ФОРЕЛЬ в городе Душанбе 16.07.2024

16 июл Асосгузори сулху вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ва Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси шахри Душанбе мухтарам Рустами Эмомали дар кучаи Хофиз Шерозии нохияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи "Бахор Форел" -ро мавриди истифода карор доданд.
Иншооти муосири хизматрасониву сайёхи дар доираи дастуру супоришхои Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон дар идомаи тадбирхои созандаги ба истикболи чашни 35-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон дар шахри Душанбе аз чониби сохибкори ватани, муассиси ЧДММ "Бахор" Саймухриддин Сайфов сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 10 декабри соли 2022 Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон зимни ифтитохи хавзхои мохипарварии ЧДММ "Бахор" дар дехаи Олучадараи шахри Вахдат дастуру хидоятхо дода буданд, ки бо истифода аз ин имконот дар пойтахти мамлакат нуктахои фуруши фарел ва навъои гуногуни хурок аз он таъсис дода шавад.
Корхои сохтмониву паймонкори дар иншооти тозабунёди хизматрасониву сайёхи бо чалби мутахассисони махалли аз руи лоихаи Корхонаи вохиди давлатии Пажухишгохи илмию таълимии лоихасоз "Душанбешахрсоз" дар мухлати кутох бо риояи санъати хоси меъмории милливу муосир бо сифати баланд ба анчом расонда шудаанд.
Тарабхонаи "Бахор Фарел" аз таххона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калони хизматрасони, хучрахои алохидаи оилави, нуктаи фуруши мохи ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад.
Масохати умумии иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитохи он зиёда аз 100 чойи кори мухайё гардид.
Дар тарабхона имкон аст, дар як вакт ба 500 нафар хизмат расонда шавад. Хурокхо дар ин тарабхона асосан аз мохи бо чалби мутахассисону ошпазони мохир омода мегардад. Дар ин чо танхо аз мохи наздики 20 навъ хурок ва дар мачмуъ наздики 100 навъ гизо ва хуришхо омода мегардад.
Дар тарабхона хамзамон дигар навъи хурокхои милливу аврупои бо таъму лаззати хос тайёр ва пешниходи мизочон карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар тарабхонаи навбунёд тухми гулмохии мохии истехсоли ватани ва мохии дудкардашуда ба мизочон пешниход карда мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ки дар нуктаи фуруши тарабхона мохии зинда, дудкардашуда, тухми мохи, гушти парандаи истехсоли ватани ва чорво ба мизочон пешниход мегардад.
Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон аснои шиносои бо шароити фархамгардида дар тарабхонаи тозабунёд ба масъулон чихати дар сатхи баланд ба рох мондани хизматрасони ба мехмонону сайёхони дохилию хоричи ва муаррифии фарханги баланди мехмоннавозии хоси точикона дастуру супоришхои мушаххас доданд.
Рохбарияти ЧДММ "Бахор" оянда накша дорад, ки боз ду адад чунин таратбхонахои замонавиро дар шахри Душанбе сохта, мавриди истифода карор дихад.
Дар иншооти тозабунёд се лифт низ насб карда шудааст.
Атрофи иншоот бо тарху нигохи хос гулкориву сабзкори карда шуда, дар сахни он се фаввора мавчуд мебошад ва барои нигохдории воситахои наклиёти мизочон таваккуфгох барои 140 автомобил низ сохта шудааст.
Хангоми шбаона рушноии бинои тарабхона ба хусни ин мавзеъ зебоии хос зам менамояд.
Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон икдоми сохибкори ватаниро намуна ва боиси дастгири маънидод карда, ба масъулон барои дастгирии хамачониба аз ингуна ташаббусхои созанда дастуру супоришхои мушаххас доданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке