Ахбори Точикистон Имруз - 30.06.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 30.06.2024 | novosti tajikistana

Соли 2013 дар натиҷаи интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳбарони нав ба сари ҳукумат омаданд, ки ин на танҳо сабаби ҷаҳиши босуръати иқтисоди Чин дар ҷаҳон гардид, балки он барои мамлакатҳои минтақа шароити наву мусоиди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро фароҳам овард. Аз ҷумла дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Ҳиссаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар гардиши савдо ва тиҷорати Тоҷикистон намоён буда, раванди ҳамкориии ду мамлакат дар доираи беш аз 200 созишнома танзиму таҳия шудааст. Сармутахассиси раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҳмадзоир андешаҳои худро оид ба муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба унвони АМИТ «Ховар» пешниҳод кард.

— Таҳаввулоти ҷиддӣ дар равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳар ду мамлакати дӯст ва шарики стратегиро дар мисолҳои зерин метавон ифода намуд.


ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ:

Не забываем подписаться на канал,
а если понравилось - поставить Лайк

Комментарии

Информация по комментариям в разработке