Ахбори Точикистон Имруз - 11.09.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 11.09.2024 | novosti tajikistana

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Сангвор 68 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 3 муассисаи томактабӣ, 21 маркази инкишофи кӯдак, 44 бинои нави мактаб ва биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Чунин иброз доштанд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор.

Ба таъкиди Сарвари давлат, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Сангвор аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам зиёд карда шуда, бо истифода аз маблағҳои ҷудогардида бунёди муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯ, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисос амалӣ карда шудааст.

«Дар натиҷа шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 52 фоиз зиёд гардид. Ҳоло дар ноҳия бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои иловагӣ дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 идома дорад», — изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин Президенти мамлакат аз норасоии омӯзгорони ихтисосманди фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, камбудии китобҳои дарсӣ, нокифоя будани кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва таъмирталаб будани якчанд муассисаи таълимӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои бартараф кардани онҳо дастурҳои мушаххас доданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке