АНА ВАТАНДӮСТ! ЗИЁДУЛЛО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ЯК ҚУЛЛАИ БАЛАНДИ ХАРАНГОНИ БОЛО ЧАСПОНД

Описание к видео АНА ВАТАНДӮСТ! ЗИЁДУЛЛО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР ЯК ҚУЛЛАИ БАЛАНДИ ХАРАНГОНИ БОЛО ЧАСПОНД

Зиёдулло ном як марди зодаи деҳаи Харангони болои ноҳияи Варзоб рӯзи 21 августи соли 2022 бо як иқдоми ватандӯстона парчами миллии Тоҷикистонро ба яке қуллаҳои баланди атрофи деҳаи Харангони боло – кӯҳи Калфҳои болои Харангон бароварда, бар фарози қуллаи ин кӯҳ насб кард.
Кӯҳи Калфҳои болои Харангон дар канори деҳаи Харангони боло ҷойгир шуда, дар пушти он кӯҳ деҳаи Оғуртии ҷамоати Айнӣ воқеъ шудааст. Шумораи аҳолии Харангони боло аз 2 ҳазор болост, вале аҳолии Оғуртӣ ҳамагӣ каме бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад.
Зиёдулло, ки парчами Тоҷикистонро бар фарози қуллаи кӯҳи Калфҳои болои Харангон часпонд, зодаи Харангони болост, вале ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Касби ӯ технолог буда, Зиёдулло аз соли 1990 то 2000 дар корхонаи пивобарории Душанбе ба ҳайси технолог кор кардааст. Аммо баъд ӯ ҳам мисли садҳо ҳазор ҳамватани дигари худ роҳи муҳоҷирати кориро пеш гирифт ва чандин сол боз дар корхонаи “Петрович” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳамчун комплектовщик (ҷамъубасткунанда) кор мекунад. Лозим ба гуфтан аст, ки аксари аҳолии қобили кори деҳоти Харангон дар Петербург ва асосан дар ширкати “Петрович” кор мекунанд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке