Ахбори Точикистон Имруз - 02.08.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 02.08.2024 | novosti tajikistana

Дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов (вазни + 100 кг) дар даври нимниҳоӣ бо Тедди Ринери фаронсавӣ рақобат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки аз 6 аъзои ҳайати ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни + 81 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид. Барои ҷудочиёни дигар, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ (+ 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (- 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (- 90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (- 100 кг) мусобиқа бе натиҷа анҷом ёфт.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке