Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Описание к видео Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст гузориши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, вусъати “иқтисоди сабз”, ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке