Футболбозони тими миллӣ дар меҳмонии ТВ “Варзиш”

Описание к видео Футболбозони тими миллӣ дар меҳмонии ТВ “Варзиш”

Баъди баромади назаррас ва таърихии мунтахаби миллии кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 дар кишвари Қатар футболбозони тими миллӣ аз пазироии хоссаи ҳар нафар бо ифтихори бузург ва самимияти хосса бархӯрдоранд. Бозигарони тими мунтахаб бо сармураббӣи Петр Шегрт ба таври ҳамарӯза меҳмони ҳар мактабу муассиса, телевизиону радио ва аҳли ҷомеа буда, ТВ “Варзиш” ҳам ин қаҳрамонони даврони моро бо як самимияти хосса истиқбол гирифт ва меҳмондорӣ намуд.

Баъди истиқболи гарму самимии футболбозони тими мунтахаб – Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Рустам Ятимов, сарвони даста Аҳтам Назаров ва сармураббии тими миллӣ Петр Шегрт аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии ТВ “Варзиш” бо ин аъзоёни тими мунтахаб як сӯҳбати ошкоро ва самимӣ дар студияи марказии телевизион доир гардид.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке