Биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд

Описание к видео Биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд

5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти ду иншооти муҳташаму муосир — Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Зимни суханронӣ дар назди иштирокдорони чорабинӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси Олӣ ва ҳайати кормандони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин муносибати хотирмон табрик гуфта, аз таърихи оғози бунёди иншооти нав ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар биноҳои замонавӣ барои фаъолияти ду мақомоти калидии ҳокимияти давлати кишвари мо – Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити беҳтарини корӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин биноҳо ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳусну таровати нав бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангин менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба бинокорону меъморон ва муҳандисону коргарон, ки дар сохтмони маҷмаа саҳми арзанда гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке