Точиддин Мухиддин - Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст?

Описание к видео Точиддин Мухиддин - Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст?

Тоҷиддин Муҳиддин /Тоджиддин Мухиддинов / Точиддин Мухиддинов
Эй луъбати хандон, лаби лаълат кӣ газида-ст?
В-аз боғи латофат гули рӯйи ту кӣ чида-ст?
Некутар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрда-ст?
Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бурида-ст?
Эй Хизр, ҳалолат накунам Чашмаи ҳайвон,
Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабида-ст?
Ин хуни касе рехтаӣ, ё майи сурх аст,
Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакида-ст?
Бо ҷумла даромезию аз мо бигурезӣ,
Ҷурм аз ту набошад, гунаҳ аз бахти рамида-ст.
Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор,
Чун ом бидонанд, ки ширину расида-ст.
Шукр аст, ки девор ба як бор бияфтод,
То боз нагӯйӣ, ки кас ин боғ надида-ст.
Гул низ дар он ҳафта даҳан боз намекард,
Имрӯз насими саҳараш парда дарида-ст.
Рафт он, ки фуқоъ аз ту кушоянд дигар бор,
Моро бас аз ин кӯза, ки бегона макида-ст.
Саъдӣ, дари бӯстони ҳавои дигаре зан,
В-ин кишта раҳо кун, ки дар он гала чарида-ст!

   / hisorishodmon  

Комментарии

Информация по комментариям в разработке