Сурудҳои беҳтарини устоди санъати ТОҶИК. Мастона Эргашева.

Описание к видео Сурудҳои беҳтарини устоди санъати ТОҶИК. Мастона Эргашева.

Мастона Эргашева 26 октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангир ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ дар мактаби миёнаи ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) рубобнавозӣ ва сароиданро оғоз кардааст. Мулоқот бо шоираи ҷавон Санавбар Соҳибова соли 1967 дар мавсими пахтачинӣ, ки донишҷӯи техникуми омӯзгорӣ будааст, барои ташаккули ҳунарии хонум Мастона нақши муҳим бозидааст: аввалин оҳанги эҷодкардаи Мастона ба шеъри Санавбар Соҳибова «Агар ёри ситамгорӣ» аз ҷониби адибони давр баҳои баланд гирифт.

Мастона Эргашева ба ҳайси сарояндаи ансамбли суруду хореографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кардааст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке