Муаллими Муҳаммадсобир: аз волидони зиёӣ наметавонад чунин одам барояд

Описание к видео Муаллими Муҳаммадсобир: аз волидони зиёӣ наметавонад чунин одам барояд

Муҳаммадсобир Файзов яке аз ҷавонтарин гумонбар дар ҳодисаи терорристии “Крокус сити ҳолл” и Москав аст. Ӯ зодаи деҳаи Маҳмадшои поёни н. Рудакӣ аст ва дар қиёс ба дигар гумонбарони ин ҳодиса оилаашон дар шароити беҳтаре ба сар мебаранд. Ба гуфти наздикон ва муаллимонаш вай дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст ва дар мактаб низ бачаи баодоб буд ва бо баҳои хуб мехонд.
Бародару модараи Муҳаммадсобир нахостанд бо мо сӯҳбат кунанд. Танҳо бародараш дар суҳбати бидуни камера гуфт, ки аз ин мавзӯъ бохабаранд ва бовар надоранд, ки бародари хурдияшон чунин коре карда бошад.
Ҳамсоягонашон низ ҳамеша аз ин оила ҳарфҳои хуб мегӯянд. Фурӯшандаи мағозаи деҳаашон ки Муҳаммадсобир аз онҳо гоҳ гоҳ маҳсулоти лозима мехарид дар суҳбати бидуни камера гуфт, Муҳаммадсобир дар оилаи хуб тарбият ёфтаасту хулқу одоби намунавӣ дошт.
Масҷиди ҷомеӣ низ тақрибан 100 метр поёнтар аз хонаи Файзовҳо ҷойгир аст. Ба гуфти Саидраҳмон Ҳабибов имоми ин масҷид падару бародарони Муҳаммадсобирро гоҳ гоҳ дар масҷид вомехӯрд, аммо худи ӯ тақрибан ба масҷид намеомад.
Бо гумони даст доштан дар ҳамлаи терорристӣ дар толои “Крокус сити ҳолл” 11 нафарро дастгир карданд, ки 10 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Шуморе аз одамон даст доштани тоҷикиситониёнро дар ин ҳодиса зери шубҳа мебаранд.

Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш:
Веб-сайт: https://asiaplustj.info
Facebook:   / asiaplustj  
Instagram:   / asiaplustj  

#таджикистан #asiaplus

Комментарии

Информация по комментариям в разработке