ГУЗОРИШГАРИ ВИЖАИ СММ ДАР СИЗО БО АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ВА ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ МУЛОҚОТ КАРДААСТ

Описание к видео ГУЗОРИШГАРИ ВИЖАИ СММ ДАР СИЗО БО АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ВА ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ МУЛОҚОТ КАРДААСТ

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, мулоқот кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ҳафтаи равон сурат гирифта, онҳо аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо рӯзноманигорон суҳбат кардаанд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз вазъи саломатии худ шикоят накардаанд ва танҳо гуфтаанд, наздиконашонро пазмон шудаанд.
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ хостаанд, ки ҳарду дар як ҳуҷра (камера) нигоҳдорӣ шаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Далерӣ Имомалӣ ҳамроҳи Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори дигар зиндонии тоҷик дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳамин тариқ, Далери Имомалӣ ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд, боздошту ҳабси онҳо ба фаъолияти рӯзноманигорӣ рабт дорад ва ҳукми додгоҳро нисбаташон эътироф намекунанд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке