ЁДАТ БА ХАЙР - СУРУД БАХШИДА БА ЁДИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ХАМАРО ГИРЁНД! АНВАР АХМЕДОВ (КОНСЕРТИ 2022)

Описание к видео ЁДАТ БА ХАЙР - СУРУД БАХШИДА БА ЁДИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ХАМАРО ГИРЁНД! АНВАР АХМЕДОВ (КОНСЕРТИ 2022)

Анвар Ахмедов дар консерти нав суруде, ки бахшида барои дӯсти наздику гиромиқадрашон шодравон Дамирбек Олимов бо ном "Ёдат ба хайр" омода карда буданд, барои ҳама мухлисон дар консерт сароиданд, ки ҳама аз гӯш кардани ин суруд ба гиряи сахт омаданд. Ҳатман гӯш кунед, ашк мерезед!

Матни суруд:

Нола кун, эй дил, ки он дилдода рафт,
Навҷавони хурраму озода рафт.
Мутрибу овозхони беназир,
Шаҳсавори ҳофизон аз ҷода рафт.

Мутриби дардошно, ёдат ба хайр!
Ҳофизи ширинсадо, ёдат ба хайр!

Байти дарё хонду дарёро гирифт,
Савти гулҳо хонду гулҳоро гирифт,
Мисли булбул умри кӯтаҳ дошт, лек,
Шеъри "Дунё" хонду дунёро гирифт.

Мутриби дардошно, ёдат ба хайр!
Ҳофизи ширинсадо, ёдат ба хайр!

Монд маҳфил бе сафири ошиқон,
Шамъи гирён дар замири ошиқон,
Як наво аз ишқ хонду даргузашт,
Беки ёрону Дамири ошиқон.

Мутриби дардошно, ёдат ба хайр!
Ҳофизи ширинсадо, ёдат ба хайр!
Дамири ширинсадо ёдат ба хайр!!!

Все права защищены.
Полное или частичное копирование материалов запрещено. Во избежание нарушения авторских прав, просим не загружать данное видео на свой канал.

© 2022 Muhammad Production

Комментарии

Информация по комментариям в разработке