Кабирӣ дар порлумон ҳамла бо тухму помидорро шарҳ дод

Описание к видео Кабирӣ дар порлумон ҳамла бо тухму помидорро шарҳ дод

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дар Кӯлоб, ба парлумони кишвар гузориш дод.Муҳиддин Кабирӣ , раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумони кишвар дар робита ба ҳодисаи ҳамлаи рӯзи 10 июн ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш дар шаҳри Кӯлоб дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон суханронӣ кард.

Оқои Кабирӣ аз ҷумла гуфт, ки вақти он расидааст, ки Маҷлиси намояндагон изҳороти вакилони порлумонро ҷиддӣ қабул кунад. Ӯ пурсид, чигуна мешавад, ки як гӯрӯҳи авбош ба сафоратҳо, ба вакилон ва дигарон ҳамла мекунад ва касе ӯро ҷазо намедиҳад. Ва ҳатто президент дар ин маврид дастур надод ва мавқифашро баён накард.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке