Ахбори Точикистон Имруз - 29.08.2024 | novosti tajikistana

Описание к видео Ахбори Точикистон Имруз - 29.08.2024 | novosti tajikistana

29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлати ба хизматҳои шоистаи ҳар як шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке