Ҳоҷӣ Маҳмуд дар Рамазон ба 3 ятим хона туҳфа кард

Описание к видео Ҳоҷӣ Маҳмуд дар Рамазон ба 3 ятим хона туҳфа кард

Моҳи шарифи Рамазон моҳи хайру эҳсон буда, дар ин моҳи муборак дасти ёрӣ дароз намудан ба бепарасторон, ятимон, маъюбон, беморон ва дигар афроди ниёзманд амали хайру савоб аст. Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва саллам фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
Роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, ки бо амалҳои хайрхоҳонааш машҳур гаштааст, дар оғози ин моҳи муборак боз як амали хайру савобро анҷом дода, ба се бачаи наврас, ки аз меҳру муҳаббати волидон бармаҳал маҳрум гашта, ятими кул ҳастанд, ҳавлии нави замонавиро тақдим намуд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке