Хасан Хайдар - Мегузарад (гитара) - Khasan Khaydar - Meguzarad

Описание к видео Хасан Хайдар - Мегузарад (гитара) - Khasan Khaydar - Meguzarad

Дӯстон, мушкилии давру замон мегузарад
Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад
Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад

Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад

Қиммати хеш бидонед, натарсед зи нарх
Давраи қимматии нархи гарон мегузарад
Пок монед, зи нопок наҷӯед тамаъ
Бекӯлоҳӣ сар агар бошад амон мегузарад.

Дӯстон, мушкилии давру замон мегузарад
Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад
Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад

Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад

Номи худ нек бимонед, нагардад то бад
К-он чи мерос зи мо бар писарон мегузарад
Мерасад рӯзи хушу даври хуше бар одам
Лек афсус ҳам одам зи ҷаҳон мегузарад

Дӯстон, мушкилии давру замон мегузарад
Зиндагонӣ ба ҳама суду зиён мегузарад
Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад

Нафурӯшед зи ночорӣ яке виҷдонро
Рӯзи кас гоҳ ба обу лаби нон мегузарад

Сотрудничество:
[email protected]

Комментарии

Информация по комментариям в разработке