Субхони Саид - Ачаб дунё пур асрораст

Описание к видео Субхони Саид - Ачаб дунё пур асрораст

Субхон Саидов / Субҳони Саид /
Ачаб дунё пур асрораст
Ба гети одами хор аст
Якеро бахту давлат ёр аст
Дигар мазлуму нодор аст
Агар боши ту сарватманд
Ба харчо хурматат созанд
Надори илм шарте нест
Туро хонанд донишманд
На мехре бар ака дори
На хурмат бар падар дори
Ба хонат аблахон мехмон
Азизонат ба пушти дар

Ай дуст, ай дуст, чабри ту кашам
Аз он ки руйи ту накуст
Мардум гуянд бихишт хохи ё дуст
Эй бехабарон бихишт бо дуст накуст

Ватан гумкарда медонад ватан чист?
Чаман гумкарда донад анчуман чист
Касе андар магелоне фитодааст
Якин донад, ки хар захми бадан чист?
Бикун неки ба мардум то ки хасти
Пушаймони ба пешони кафан чист?
Исои мулк андар чону тан бош
Вагарна этирофи хештан чист?
Ватангумкарда медонад ватан чист?
Аллаи модар калонат мекунад
Як чавони пахлавонат мекунад
Шири модар бо хавои алаё
Сахт шахшул устухонат мекунад
Шири хомаш шираи чон асту бас
Дар катори пухтагонат мекунад
Ханда бар лаб аз хумори гиряхо
Рахмате бар чисму чонат мекунад
Аллаи модар калонат мекунад

Дунё самари маърифати инсон аст
Ночурии он касофатии шайтон аст
Аз бехирадон умеди неки маталлаб
Ки таъмири чахон кори хирадмандон аст
Эй биродар хоки поят тутиё
Гар ту моро дуст медори биё
Этикоди мову ту дар зиндаги
Бади мурдан хо биё хох на ё
Одами одам набинад аз кучо одам шавад
Шамъ агар оташ набинад аз кучо рушан шавад
Нокибилони дахр ба максад намерасанд
Дунё хамеша дар талаби марди кобил аст

Бингар зи сабо домани гул чок шуда
Булбул зи чамоли гул тарабнок шуда
Дар сояи гул нашин ки ин гул
Аз хок баромадаасту бар хок шудааст    / hisorishodmon  

Комментарии

Информация по комментариям в разработке