ГУЛОБ ФАРЗОМ-САДОИ ПОМИР АСТ. ПОСУХИ Ӯ БА ТАРАФДОРОНИ АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ

Описание к видео ГУЛОБ ФАРЗОМ-САДОИ ПОМИР АСТ. ПОСУХИ Ӯ БА ТАРАФДОРОНИ АЛИШЕР МИРЗОНАБОТ

Каломе аз Гулоб Фарзом, бародари помирӣ аз он сӯи Панҷро, ки аз вазъи мо дилхун аст, дар сафҳаи худ ҷой додам, тамоми якҷолеси ҳукумат ва Алишер Мирзонабот ба по хестанд. То ҳол бархе аз онҳо хоб надоранд ва поёни маводи мо шарҳу тавзеҳу тавтеъу тақтеъ мекоранд.
Ин ҷавони рушанзамири помирӣ чанди сол дар Тоҷикисстон зистааст ва аз ҳолу ҳавои кишвари мо хабар дорад. Ӯ медонад, ки чӣ мегӯяд. Мисли бархе шағолҳои қалам ба даст ҳавоӣ сухан намегӯяд.
Ҳар қадар онҳо хезиш кунанду гап бирезанд бар поини ончӣ ин бародари гиромии мо гуфт, ҳамон қадар рост гуфтааст, бавақт хоби ин одамони чарминро бедор кардааст.
Ҳайф аст дар вақти зикри ин чоплусон аз калимаи “бедор” истифода карданд. Чунки инҳо дар хоби доиманд ва аз бедор шудан битарсанд.
Аз инки ин тудаи ҳукуматиро чунин беқарор мекунад сухани ҳақ пай бурдан душвор нест, ки ҳамон зиндагии сохтаи онҳо ва бути тарошидаашон оқибат онҳоро сарнагун мекунад.
Ҳар вақт, ки сухани ҳақ баланд мешавад, гӯшҳои инҳо сих мешаванд, дилҳояшон метапад аз тарс ва нафасгир мешаванд. Ин далел бар ин аст, ки муқовимати мо дурӯст аст.
Ду соҳили Панҷ, ду Помирро, ки як дил доранд, наметавонед аз ҳам ҷудо кунед. Ҳар вақт ин тараф диле озор ёбад Панҷ аз онсу ғуриш мекунад ва чун дар онҷо зулме шикаст тантанааш дар ин тараф мехезад.
Ва боз ҳам як посухи баҷойи ин ҷавони пурғурур, боҷасорат ва мушфиқро инҷо меоварам. Садои ӯ умеди ҳар як мазлуми сарзамини Помир аст.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке