ХАТОИ СОЛҲОИ СИЮМРО ТАКРОР НАКУНЕМ! НОМАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ АЗ СИЗО №1 БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Описание к видео ХАТОИ СОЛҲОИ СИЮМРО ТАКРОР НАКУНЕМ! НОМАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ АЗ СИЗО №1 БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Далери Имомалӣ, журналисти тоҷик, ки рӯзи 17 октябри соли 2022 ба 10 соли зиндон маҳкум шуд, ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе нома навиштааст. Дар ин нома, ки муаллиф онро “номаи фарзандона” номидааст ва матнашро шоми 23 ноябр “Азия Плюс” нашр кард, Далери Имомалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, агар бо иштироки ӯву Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ягон видео нашр шавад, ба ягон ҷумлаи он бовар накунанд. “Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст. Бори дувум боз бо иштироки ҳамин капитан, ки худашро корманди (контр-разведка) ба ман муаррифӣ карда буд, сабт такрор шуд. Дар ошхонаи “Тавқифгоҳи тафтишотӣ” идома ёфт. Ин навбат шояд иштироки Нусратулло Маҳмадзода буд, ки дар рафти сабт дашном накарданд. Умуман ба ягон ҷумлаи ман дар он навор хоҳиш бовар накунед, чун матн пешакӣ чоп шуда буд”, навиштааст Далери Имомалӣ.
Ӯ ҳамчунин аз президент хостааст, се фарзандашро зиндаятим накунад ва дар умум зиндонӣ кардани мардум бо моддаи 307ро кам кунанд, чунки аксарият ҷавонони зери синни 40 бо ин ҷурм ба зиндон рафта истодааст.
Далери Имомалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостааст, ки ба мурофиаҳои баъдии парвандааш хабарнигоронро роҳ бидиҳанд. Ӯ ҳамчунин хитоб ба президенти Тоҷикистон навиштааст: “Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!”

Комментарии

Информация по комментариям в разработке