МАРДЕ, КИ ШИКАНҶАВУ ОЗОР МЕДОД, ДАСТГИР ШУД

Описание к видео МАРДЕ, КИ ШИКАНҶАВУ ОЗОР МЕДОД, ДАСТГИР ШУД

Муроҷиати видеоии як нафар ҷавондухтар, ки шоми 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар натиҷа муайян гардид, ки ин ҷавондухтар Меҳробиддини Тамкин, шаҳрванди 24-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, ҳамроҳи волидайнаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд.

Номбурда беш аз як сол мешавад, ки бо Ҳамидӣ Абдулбасир соли таваллудаш 22.03.1976, зодаи шаҳри Толиқони вилояти Тахор, муваққатан сокини н.Рудакӣ, тариқи никоҳи шаръӣ оила барпо намуда, зиндагонии якҷоя доранд. Дар ин муддат дар байни онҳо нофаҳмиҳои оилавӣ ба вуҷуд омада, шавҳараш ҷавондухтари муроҷиаткунандаро мунтазам зери фишори равонӣ қарор медодааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби милитсияи пойтахт маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке