3 ФАРЗАНДИ МОРО ЗИНДАЯТИМ НАКУНЕД! НОМАИ ҲАМСАРИ ЖУРНАЛИСТИ ЗИНДОНӢ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Описание к видео 3 ФАРЗАНДИ МОРО ЗИНДАЯТИМ НАКУНЕД! НОМАИ ҲАМСАРИ ЖУРНАЛИСТИ ЗИНДОНӢ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҳамсари Далери Имомалӣ (Далер Бобиев), яке аз рӯзноманигорон ва блогнависи зиндонии тоҷик, ки моҳи октябр бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур 10 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, барои озод кардани шавҳараш аз маҳбас мусоидат кунад.
Номбурда гуфтааст, барномаҳо ва филмномаҳои таҳиякардаи шавҳараш дар кинофестивалҳои байналмиаллӣ соҳиби 23 ифтихорномаву грамота гардида, “барои афзудани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд”.
Вай ҳамчунин, аз хислатномаҳои Далер дар ҷойи кораш ёдовар шуда, гуфтааст, ки онҳо гувоҳи инсони эҷодкор, ватандӯст, тарафдори сиёсати Эмомалӣ Раҳмон ва инсони хуб будан ӯ мебошанд.
Ӯ аз эзоҳи моддаи 307 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ, ки тибқи он шахс дар сурати ихтиёран аз иштирок дар ҳизбҳои мамнӯъ дар кишвар даст кашидан, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад, ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин меъёр нисбати Далери Имомалӣ табиқ нагардидааст.
“Шавҳарам Бобиев Д.И. (Далери Имомалӣ-дар назар аст) ҳарчанд ҳеҷ гуна кирдори ғайриқонунӣ содир накарда бошад ҳам, вале самимона пушаймон буд ва илтиҷо дошт, ки ба хотири адолат нисбат ба ӯ талаботи эзоҳи мазкури моддаи 307 кисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон татбиқ карда шавад. Мутаассифона, ин дархости ӯ ба инобат гирифта нашуд”, - нигаронӣ кардааст ҳамсари ин рӯзноманигори зиндонӣ.
Ӯ гуфтааст, онҳо соҳиби 3 фарзанди хурдсоланд ва “бе ягон асос зиндаятим кардани ин ноболиғон бар зиммаи ашхосе мебошад, ки мехоҳанд ғайриқонунӣ ва кӯр-кӯрона ӯро ба ҷавобгарӣ кашида, бо ҳамин обрӯю эътибори Тоҷикистонро ҳамчун давлати дуниявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ҷонибори озодиҳои сухан дар арсаи байналмилалӣ халалдор созанд”.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке